Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиши азими Тианҷин 44 тан ҷон додаанд


Таркишу сухтор дар Тианҷин

Таркишу сухтор дар Тианҷин

Теъдоди қурбониёни таркишҳои азим дар шаҳри шимолушарқӣ ва бандарии Тианҷини Чин ба 44 нафар расид ва вазъи садҳо нафаре, ки ҷароҳат бардоштанд, бисёр вазнин аст. Ҳангоми фӯру нишондани оташ дар маҳалли ҳодиса, ки рӯзи 12-уми август рух дод, дасти кам 12 маъмури оташнишонӣ кушта шуданд ва мақомоти Чин маҷбур шуданд, аз тарси такрори таркишҳо рӯзи 13-уми август талошҳо барои хомуш кардани оташро дар маркази сухтор қатъ кунанд. Ба гузориши хабаргузории расмии “Синхуа”, сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани як анбори маводи мунфаҷира соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Бинҳайи Тианҷин сар задааст. Маркази зиллзиласанҷии Чин гуфт, ки нерӯи таркиш баробар ба таркиши 21 ҳазор тонна тротил будааст. Дар видеоҳо аз ҷойи ҳодиса забонаҳои азими оташ дида мешаванд. Ба гуфтаи хабарнигори Франс Пресс таркиш ба ҳадде қавӣ будааст, ки шишаҳои хонаҳо дар масофаи 3 километриро пора кардааст.

XS
SM
MD
LG