Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зеристгоҳи "Ваҳдат" дар Хуҷанд ба кор медарояд


Дар Хуҷанд зеристгоҳи барқии «Вахдат» ба зудӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Дар 24 соли гузашта аз суқути Шӯравӣ ин бузургтарин зеристгоҳест, ки дар маркази вилояти Суғд бунёд мешавад. Масъулини ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, сохтмони ин зеристгоҳ бар пояи 4,5 миллион доллар дар доираи лоиҳаи «Паст намудани талафоти нерӯ дар вилояти Суғд» сурат мегирад. Зеристгоҳи “Ваҳдат” 2 трансформатор дорад ва аз он 12 хатти баландшиддати барқӣ кашида мешавад. Фарҳод Бобоев, менеҷери сохтмони ин лоиҳа мегӯяд, аксари таҷҳизоти зеристгоҳро аз Туркия ва Чин дастрас кардаанд.

Феълан дар маркази маъмурии Суғд 8 зеристгоҳи барқӣ амал мекунанд. Вале онҳо дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, таҷҳизотҳашон кӯҳна шудаанд.

XS
SM
MD
LG