Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазияи хоҳари Наталя Водянова таҳқиқ мешавад


Наталя Водянова дар назди як калисо дар Қрим

Наталя Водянова дар назди як калисо дар Қрим

Кумитаи тафтишоти Русия аз рӯи қазияе дар иртибот бо хоҳари модели маъруфи рус Наталя Водянова парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Муфаттишон мегӯянд, ки масъулини кафее дар шаҳри Нижний Новгород ҳуқуқи нафари маъюбро поймол кардаанд. Владимир Маркин, намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия дар сӯҳбат бо Интерфакс гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи “таҳқири шарафи инсонии шаҳрванд аз рӯи принсипи тааллуқ доштани ӯ ба як гурӯҳи иҷтимоӣ бо истифода за зӯр” боз шудааст.

Тавре матбуоти русӣ навишт, дар як ҳодисаи рӯзи 11 август хоҳари маъюби модели маъруф ҳамроҳ бо дояи худ ба ҳангоми сайругашт дар хиёбоне хостааст аз як кафе чой нӯшад. Оксана, хоҳари 27-солаи Водянова гирифтори аутизм ва ҳам бемории фалаҷ аст ва танҳо ҳамроҳ бо дояаш сайругашт мекунад. Вале масъулини ин кафе, аз ҷумла раҳбарият ва муҳофизон ин духтари беморро аз кафе бо зӯр рондаанд.

Ин қазия мавриди маҳкумияти шадид дар матбуот қарор гирифт. Худи Водянова дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки ин ҳодиса аломати нигаронкунанда барои тамоми ҷомеаи Русия аст, ки муносибати худро нисбати афроди маъюб бояд тағйир диҳанд. Вай навиштааст, ки меҳрубониву ғамхорӣ дар ҳақи маъюбон набояд танҳо бо чордевори муассисаҳои вижа ва ё оила анҷом шавад.

Наталя Водянова, яке аз моделҳои муваффақи Русия, ки бештар дар Ғарб кор мекунад, барномаҳои зиёди иҷтимоӣ ва хайрияро маблағгузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG