Пайвандҳои дастрасӣ

Мазҳабшиносон дар Душанбе гирди ҳам меоянд


Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб

Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб

Дар шаҳри Душанбе ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ симпозиуми байналмилалӣ баргузор мегардад. Аскаралӣ Раҷабов, котиби масъули баргузории ин симпозиум рӯзи панҷшанбеи 13 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “нахуст рӯзи 5 сентябр маҷлиси тантанавӣ ба муносибати ҷашни 700–солагии мутафаккири бузурги Шарқ – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешавад, ки он бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад". Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабов, “баъдан дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, замони ӯ ва нақши он дар тамаддуни Осиёи Марказӣ” доир мешавад, ки дар кори он беш аз 30 донишманду муҳаққиқ ва ҳамадонишиноси маъруф аз Русия, Амрико, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Узбакистон ва дигар кишварҳо ширкат ва табодули афкор хоҳанд кард". Ҳамчунин, ба таъкиди Аскаралӣ Раҷабов, “симпозиуми байналмилалӣ рӯзи 6 сентябр дар шаҳри Кӯлоб идома ёфта, меҳмонон аз оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар ин шаҳр воқеъ аст, зиёрат намуда, ёдгориҳои қадимаи Ҳулбукро тамошо хоҳанд кард.”

Ҷаноби Раҷабов ҳадафи аслии баргузории симпозиуми байналмилалиро “омӯзиши паҳлӯҳои мероси пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва Ҳинд унвон кард. Зимнан, бузургдошти 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва дар чорчӯби барномаҳои ЮНЕСКО ё Барномаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар баробари 3000-солагии шаҳри Ҳисор ба таври бошукӯҳ ва бо ширкати меҳмонони хориҷӣ таҷлил мегардад.

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки бо номи Ҳазрати Амирҷон низ маъруф аст, дар Кӯлоб аз маҳбубияти вижае бархӯрдор аст. Ӯ соли 1314 дар шаҳри Ҳамадони Эрон таваллуд шуда, соли 1386 пас аз сафарҳои тӯлонӣ вафот кардааст ва тибқи васияти шогирдон ӯро дар шаҳри Кӯлоб дафн намудаанд. “Захират-ул-мулук” ва “Рисолаи Баҳромшоҳия” аз зумраи осорҳои маъруфи сиёсӣ ва фалсафии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба шумор мераванд. Оромгоҳи ин мутафаккири бузурги Шарқ на танҳо зиёратгоҳи сокинони оддӣ, балки раҳбарони рақами аввали Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон ва мақомҳои баландпояи кишварҳои хориҷӣ будааст.

XS
SM
MD
LG