Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили дифоъ бо Собир Валиев дар боздоштгоҳ мулоқот кард


Вакилони мудофеи Собир Валиев мегӯянд, зерҳимояи онҳо бар асоси айбномае, ки аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон эълон карда шуда ва мавриди пайгард қарор доштааст, боздошт шуд ва феълан ҳукумати Молдова санадҳои марбут ба истирдоди Валиевро меомӯзад. Собир Валиев 26 сол дошта, аз фаъолони созмони сабтиномнашудаи “Анҷумани нирӯҳои созанда” мебошад. Ӯро 11 август марзбонони шаҳри Кишинев, ба ҳангоми кӯшиши парвоз ба Истамбул боздошт карданд. Иван Мазур, яке аз вакилони дифои Собир Валиев рӯзи 13 август дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки баъди омӯзиши санадҳои зерҳимояашон, мақомоти Молдова дар иртибот бо таслими ӯ ба Тоҷикистон қарор қабул мекунад.

Мазур гуфт, Валиев аз рӯи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои “даъвати оммавӣ ба сарнагун сохтани ҳукумат бо роҳи зӯр”, “фаъолияти экстремистӣ” (ифротгароӣ) ва “иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” айбдор мешавад ва бар асоси ҳамин иттиҳомот мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро дар пайгарди ҷиноӣ қарор додаанд. Ин дар ҳолест, ки Собир Валиев, зодаи шаҳри Душанбе, 8 соли пеш шаҳрвандии Қирғизистонро қабул карда, баъди муддате зиндагӣ дар ин кишвар ба Туркия кӯч баст ва ҳамроҳ бо оилаву се фарзандаш дар Истамбул зиндагӣ мекард. Ӯ соҳиби маълумоти иқтисодӣ буда, бо тиҷорату соҳибкорӣ машғул буд.

Иван Мазур мегӯяд, қазияи Валиев сирф сиёсист ва ҳанӯз боитминон гуфтан душвор аст, ки давлати Молдова ин шахсро истирдод мекунад ё на. Вай гуфт: “Дирӯз ман ва вакили дигарӣ Светлана Мазур Собир Валиевро дар боздоштгоҳи муваққатӣ хабар гирифтем. Саломативу рӯҳияаш хуб аст ва худро бар асоси моддаҳое, ки айбдор дониста мешавад, гунаҳкор намеҳисобад”, мегӯяд Иван Мазур. Айни замон, дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди боздошти Собир Валиев дар Молдова изҳори бехабарӣ мекунанд ва мегӯянд, аз расонаҳои хабарӣ дар ин маврид хабардор шудаанд. Собир Валиев баъди кушта шудани раҳбари созмони “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар Истамбул аз худ ба унвони яке аз фаъолону мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дарак дод ва дар маъракаҳои ин созмон дар Истамбул иштирок мекард.

Баъди қатли Қувватов дар моҳи марти соли 2015 дар Истамбул, Валиевро муовини раиси ин созмон ва ҳам “Анҷумани нирӯҳои созанда” таъйин карданд. Дар Тоҷикистон созмони “Гурӯҳи 24” ҳамчун як ташаккули экстремистӣ бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ва афроди марбут ба ин ташаккул ва ҳам созмонҳои дигари ҳамшарики он, мисли “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Моҳи июни соли 2015 додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як фаъоли дигари ин созмон Мақсуд Иброҳимовро барои "даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "ташкили созмони ҷиноӣ" ба 17 соли зиндон маҳкум кард. На камтар аз 10 тарафдор ва аъзои ин созмонҳо бо дархости Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ва Беларус боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG