Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ пеш аз сафари Зариф гулулаборон шуд


Бар асари зарбаҳо аз тӯпхона аз сӯи мухолифини ҳукумати Сурия рӯзи 12 август чанд соат пеш аз ташрифи вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ба Димишқ ва мулоқоташбо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва зарбаҳои ҳавопаймои ҳукуматӣ ба мавқеъҳои мухолифин даҳҳо нафар кушта шуданд.

Ба навиштаи расонаҳо аз оташи тупхона ба маркази шаҳри Димишқ ва бомбборони ҳавопаймоҳои низомии нерӯҳои ҳукуматӣ ба вилояти Гута, такягоҳи мухолифини ҳукумат, дасти кам 36 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф рӯзи 12 август вориди Димишқ шуд. Ба иттилои хабаргузориҳо, дар мулоқоти ӯ бо Башор Асад Асад тарҳи Теҳрон барои хатми ҷанг дар Сурия баррасӣ мешавад. Теҳрон мехоҳад ин тарҳро ба СММ фиристад. Эрон аз пуштибонҳои қавии Башор Асад дар минтақа маҳсуб мешавад ва баъд аз ҳосил шудани созиши ҳастаӣ бо Ғарб мехоҳад худро чун бозигари калидӣ дар ҳалли қазияи Сурия муаррифӣ кунад.

XS
SM
MD
LG