Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои мансабдорон баъди "моҷарои ҷинсӣ" дар Панҷоб


Шаҳбоз Шариф, раиси ҳукумати вилояти Панҷоби Покистон, раҳбари раёсати кашфи вилоят ва се афсари аршади полисро барои он аз мақомҳояшон сабукдӯш кард, ки худро аз мубориза бо як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ канор гирифтанд. Дар ин бора Шаҳбоз Шариф шоми 11 август баъд аз эътирозҳои мардуми рустои Ҳусейн Кханвалаалайҳи хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдакон тасмим гирифт.

Гуфта мешавад, ки беш аз 270 кӯдаки ин русто мавриди хушунати ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, як гурӯҳи ҷиноӣ иборат аз 25 нафар кӯдаконро барои алоқаи ҷинсӣ бо ҳам маҷбур мекард ва онро дар видео ба навор мегирифт. Наворро ба волидайн нишон дода таҳдид мекарданд, ки дар сурати напардохтани маблағи муайян онро дар бозори маҳаллӣ паҳн мекунанд. Тайи ҳашт сол гурӯҳи ҷиноӣ дар маҷмӯъ 400 навор сабт кард. Эътирозҳо баъд аз он шурӯъ шуданд, ки мақомоти интизомии вилоят аризаи сокинони маҳаллӣ барои тафтиши ҳодисаро қабул накарданд.

Шаҳбоз Шариф бародари нахуствазири Покистон Навоз Шариф аст.

Вакили дифои қурбониёни хушунати ҷинсӣ сиёсатмадорони маҳаллӣ ва полисро дар он айбдор намуд, ки солҳои зиёд ба ин гурӯҳи ҷиноӣ иҷозаи фаъолият дода буданд, иддаое, ки аз сӯи мақомот рад мешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса 12 нафар, асосан онҳое, ки наворҳои видеоиро мефурӯхтанд, боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG