Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сатҳи таваррум дар ҳафт моҳ 2, 7 %-ро ташкил дод


Тибқи итттиилои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 2,7 дар садро ташкил додааст. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 12 август дар шарҳи ин хабар гуфт, “дар воқеъ сатҳи таваррум дар ҳафт моҳ 2,7 дар садро ташкил дод. Аммо ин рақам дар як соли ахир ба 5,5 дар сад расидааст.” Ба таъкиди ин манбаъ, таваррум дар сатҳи мӯътадил боқӣ мемонад. Айни замон, дар ин муддат нархи маҳсулот ва таъруфаи хадамот ба сатҳи ба 0,1 дар сад афзоиш пайдо кард. Ҳол он ки нархҳо дар ҳафт моҳаи соли гузашта 4,5 дар сад афзоиш ёфта буд. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки сатҳи таваррум - муҳимтарин нишондиҳандаи иқтисоди кишварро то поёни соли ҷорӣ дар сатҳи 7,5 дар сад нигоҳ дорад.

Дар поёни соли гузашта ҳаҷми таваррум 7,4 дар сад буд. Қаблан Сандуқи байналмилалии пул гуфта буд, ки “Тоҷикистонро 12, 8 дар сади таваррум дар пеш аст.” Сандуқи байналмилалии пул (СБП - IMF), як ниҳоди байналмилалии молии марказаш дар Вошингтон, дар таҳрири нави гузориши “Дурнамои рушди иқтисодии минтақаҳо” пешбиниаш нисбат ба ояндаи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро бозбинӣ карда, навиштааст, мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 ҳамагӣ 3 дарсад ва дар соли 2016 4,1 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Ин пешбинӣ беш аз ду маротиба камтар аз 6,7 дарсад мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2014 ва қариб дувуним маротиба камтар аз пешбинии худи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки мизони рушди иқтисоди ин фақиртарин кишвари пасошӯравиро дар соли ҷорӣ 7,2 дарсад баровард кардааст. Нуктаи дигари нигаронкунанда дар ин гузориш мизони таваррум (инфлятсия)-и нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аст, ки СБП дар соли 2015 барои Тоҷикистон 12,8 дарсад пешбиниаш мекунад. Яъне тақрибан дар сатҳи 12,4 дарсад мизони таварруми соли 2011 ва ду маротиба болотар аз солҳои 2012-2014 аст, ки ин нишондиҳандаи муҳими вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 5,8-6,1 дарсад нигоҳ дошта мешуд.

Чунин сатҳи баланди таваррум ба маъноест, ки дар соли 2015 нархи маҳсулоти асосӣ, ба мисли орду нону равған, дар бозорҳои Тоҷикистон боз ҳам боло рафта, пули миллии ин кишвар – сомонӣ боз ҳам беқурбтар хоҳад шуд ва ин ҳама ба ҷайби бе он ҳам касоди мардум зарба хоҳад зад.

XS
SM
MD
LG