Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: Русияву Чин ба почтаи мо дастрасӣ доранд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, ҳадс зад, ки Русия ва Чин шояд ба мукотибаи ӯ аз тариқи почтаи электронӣ дастрасӣ дошта бошанд.

"Мутаассифона, мо дар оламе ба сар мебарем, ки баъзе кишварҳо ба шумули Русия ва Чин пайваста ҳамлаҳои электронӣ ташкил мекунанд ва ба манфиатҳои Амрикову ба ҳукумати Амрико осеб мерасонанд. Мо ин мавзӯъҳро дар сатҳи боло дар муколама бо Чин дар миён гузоштем”, изҳор намуд Ҷон Керрӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CBS News. Ӯ эҳтимоли ширкати Русия дар ҳамлаҳои электронӣ ба ҳукумати Амрикоро хело воқеӣ номид.

Аз ин пеш манбаъҳои расонаҳои амрикоӣ дар Пентагон изҳор намуданд, ки дар шикастани сервери почтаи электронии вазорати дифои ИМА ҳакерҳои рус гумонбар мешаванд. Ин ҳамла рӯзи 25 июл сурат гирифт ва баъд аз он Пентагон фаъолияти почтаи электронии кормандонашро барои чанд муддат мутаваққиф кард.

XS
SM
MD
LG