Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон узви комилҳуқуқи ЕАЭС шуд


Марзи миёни Қазоқистону Қирғизистон боз шуд

Марзи миёни Қазоқистону Қирғизистон боз шуд

Қирғизистон рӯзи 12 август назорати гумрукӣ дар марз бо Қазоқистонро аз байн бурд ва узви комилҳуқуқи Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) шуд. Дар маросиме ба ин муносибат дар гузаргоҳи марзии “Оқ Жол” нахуствазири Қирғизистон ва муовини нахуствазири Қазоқистон ширкат доштанд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ин маросим тавассути робитаи видеоӣ аз як фароғатгоҳ дар канори Иссиқкӯл наззора мекарданд.

Шурӯъ аз рӯзи 12 август ҳамаи ҳашт гузаргоҳи гумрукӣ дар марзи миёни ду кишвар аз байн бурда шуданд ва мардуми нақлиёт ҳаққи равуову ҳаракати озодонаро пайдо карданд.

Созиш дар бораи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё дар нишасти сарони ин ниҳод дар Маскав моҳи декабри соли гузашта имзо шуд. Ҳамакнун Қирғизистон панҷумин кишвари узви комилҳуқуқи Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё шуд.

Русия, Белорус ва Қазоқистон дар бораи таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё 29 майи соли 2014 дар шаҳри Остона ба тавофуқ расиданд. Ин созмон аз рӯзи 1 январи соли равон расман ба фаъолият шурӯъ кард. Моҳи декабри соли гузашта Арманистон ҳам ба ҳайси узви ин созмон пазируфта шуд.

XS
SM
MD
LG