Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки ИМА дар мубориза бо маводи мухаддир


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Сараёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллӣ беш аз 975 таҷҳизоти тактикӣ тақдим кард. Кӯмаки мазкур беш аз як миллион доллари Амрико арзёбӣ шуда, аз ҷониби Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (СЕНТКОМ) маблағгузорӣ шудааст. Таҷҳизоти мазкур ба хотири баланд бардоштани иқтидори идораҳоро дар мубориза зидди маводи мухаддир дар муайян намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани қочоқи маводи мухаддир дар қаламраву марзҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Раҳбари Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (СЕНТКОМ) майор Энтони Гарбаускас дар Сафорати ИМА қайд намуд, ки тақдими таҷҳизоти амниятии мазкур намоишгари он аст, ки ИМА манфиатдори ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар амри решакан кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа аст.

Аз соли 2007 инҷониб дар доираи барномаи мазкур ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 145 миллион доллари амрикоӣ кӯмак ироа шудааст.

XS
SM
MD
LG