Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД аз боздошти Собир Валиев бехабар аст


Собир Валиев

Собир Валиев

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи дар қаламрави шарҳи Кишиневи Ҷумҳурии Молдова боздошт шудани яке аз раҳбарони созмони сабтиномнашудаи “Анҷумани нирӯҳои созанда” хабар надоранд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ дар дафтари матбуоти ВКД хабар доданд. Ин дар ҳолест, ки аъзои ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дар фурудгоҳи Кишинев боздошт шудани Собир Валиев хабар доданд. Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки Валиевро бо дархости Тоҷикистон бо иттиҳоми “экстремизм” дастгир карда эҳтимолан ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Ӯро ҳангоми кӯшиши аз Кишинев ба Истамбул парвоз карданаш марзбонон боздошт карданд. Аъзои ин созмон таъкид мекунанд, ки Собир Валиев 8 соли охир шаҳрвандии Қирғизистон аст ва дар Истамбул кору фаъолият мекард. Баъди кушта шудани раҳбари созмони “Гурӯҳи 24” дар Истамбул моҳи марти соли 2015, Валиевро муовини раиси ин созмон интихоб карданд. Собир Валиев, зодаи шаҳри Душанбе, 26 сол дошта, ихтисосаш иқтисодшинос аст. Ӯ соҳиби оила ва 3 фарзанд буда, худро як фаъоли мухолифин муаррифӣ мекард.

XS
SM
MD
LG