Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон бо кӯмаки ҳукумати ИМА дар гузаргоҳҳои эҳтимолии маводи мухаддир бо Қирғизистон шӯъбаҳои мубориза бо қочоқи ҳероинро ифтитоҳ мекунад.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар 12 август гуфт, бо кӯмаки ҳукумати Амрико дар нимаи аввали рӯзи чоршанбе дар ноҳияи марзии Ҷиргатол бо Қирғизистон Шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ифтитоҳ мешавад. Ӯ афзуд, дар расми кушоиши ин ниҳод сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан Эллиот ва раиси Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Рустам Назаров иштирок мекунанд.

Қарор буд, ки ин шӯъба моҳе пеш боз мешуд, аммо бо назардошти селобу офати табиӣ дар Бадахшон, сафари раҳбари намояндагии дипломатии Амрико ба Ҷиргатол мавқуф гузошта шуд. Тибқи маълумоти расида бархе аз манотиқи Тоҷикистону Қирғизистон дар чанд соли ахир ба гузаргоҳҳои қочоқи маводи мухаддир табдил шудаанд.

Қарор аст тирамоҳи имсол дар ноҳияи марзиии Исфараву Ботканд ва ҳамчунин Дарвози Бадахшон низ шӯъбаҳои дигари назоратӣ ифтитоҳ шаванд.

XS
SM
MD
LG