Пайвандҳои дастрасӣ

Футболбози шинохтаи озарӣ боздошт шуд


Ҷовид Ҳусейнов

Ҷовид Ҳусейнов

Полиси Озарбойҷон дар чаҳорчӯби тафтиши қазияи марги хабарнигор Расим Алиев аз латукӯб футболбози дастаи “Қабала” Ҷовид Ҳусейновро боздошт кард.

Додситонии кулли Озарбойҷон рӯзи 11 август хабар дод, ки бозигар дар огаҳ накардани мақомот аз таҳияи ҷиноят айбдор мешавад ва дар сурати собит шудани гуноҳаш ба ӯ 5 соли маҳбас таҳдид мекунад. Дар изҳороти Додситонии кулл гуфта шудааст, ки дар робита ба ин ҳодиса панҷ гумонбари дигар ҳам боздошт шудаанд.

Аз ин пеш Иттиҳодияи Аврупо ва чанд созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар аз мақомоти Озарбойҷон хостори тафтиши воқеъбинона ва комили ҳалокати хабарнигор Расим Алиев шуданд. Хабарнигори озарӣ Расим Алиев баъд аз як ҳамла дар шаҳри Боку рӯзи якшанбе, 9 август аз олам даргузашт.

Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, ӯ шоми шанбе аз сӯи пайвандони бозингари дастаи футболи маҳаллии “Қабала” Ҷовид Ҳусейнов шадидан латукӯб шуда ба бемористони клиникии рақами яки шаҳри Боку интиқол ёфта буд.

Бар пояи хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Расим Алиевро барои он латукӯб карданд, ки ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук футболбозро танқид карда буд. Гуфта мешавад, Расим Алиев футболбозро барои он танқид кард, ки ӯ баъд аз як бозӣ дар Қибрис парчами Туркияро болои сар боло кард ва ба саволи хабарнигори қибрисӣ дар ин бора посухи ҳақоратомез дод. Расим Алиев навишт, ки ин гуна афроди дур аз фарҳанг набояд футболи Озарбойҷонро дар Аврупо муаррифӣ кунанд.

Дувоздаҳ гурӯҳи дифоъ аз ҳуқуқи башар ба шумули “Варзиш барои ҳуқуқи башар”, Бунёди ҳуқуқи башари Ҳелсинки, созмони байнулмилалии пуштибонӣ аз расонаҳои хабарӣ, Маркази амрикоии ПЕН аз даъвати тафтиши пурраи ҳодиса пуштибонӣ кардаанд. Созмони “Варзиш барои ҳуқуқи башар” марги Алиевро куштор номид ва гуфт, ин ҳодиса баёнгари он аст, ки танқид дар Озарбойҷон назар ба солҳои пеш хатарбортар мешавад.

XS
SM
MD
LG