Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршед Маҷидов: Беморӣ имкон надод, ки медали тило бигирам


Хуршед Маҷидов: Беморӣ имкон надод, ки медали тило бигирам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Хуршед Маҷидов -- паҳлавони ҷавони тоҷик мегӯяд, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо дар Босния ва Ҳерзоговина имкони пирӯз шуданро дошт, аммо ба сабаби беморӣ дар даври нимаҳоӣ шикаст хӯрду бо ҷойи севум ва медали бириҷнӣ иктифо кард. Ин паҳлавони тоҷик рӯзи 10 август, баъди бозгашташ дар фурудгоҳи Душанбе, гуфт, дар даври ниманиҳоии мусобиқа аз Камол Каитов – рақибаш аз Русия шикаст хӯрд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо мағлуб карда буд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 8 ва 9 август баргузор шуд, 475 варзишгар аз 59 кишвари дунё иштирок доштанд. Ҷопон дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби ҳафт медал - 4 тило, 1 нуқра ва ду биринҷӣ - дар мақоми аввал ва Русия бо нӯҳ медал, аз ҷумла ду тило, дар ҷои дувум қарор гирифтанд. Ҳолланд бо касби се медал - 2 тило ва 1 нуқра - севум шуд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 22-юм қарор гирифт.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG