Пайвандҳои дастрасӣ

Хадиҷа - соҳиби ҷоизаи HRW ба номи Де Форж


Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова, хабарнигор ва гузоришгари бахши озарии Радиои Озодӣ ба яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳо дар бахши ҳуқуқи башар – ҷоизаи ба номи Элисон Де Форж, мушарраф шуд. Дар изҳороти созмониHuman Rights Watch, ки рӯзи 11 август нашр шуд, омадааст, ҷоиза ба афроде супурда мешавад, ки ҷасурона ва аксар вақт дар шароити хатарбор барои ҳуқуқи башар мубориза мебаранд.

Бо ин ҷоиза имсол талошҳои фаъоли ҳуқуқи башар аз Малайзия Ниша Аюб ва Яра Бадер, хабарнигору ҳомии ҳуқуқи башар аз Сурия ҳам қадр карда шуданд.

Хабари бо ҷоизаи бонуфуз мушарраф гаштани Хадиҷа Исмоилова дар ҳоле нашр шуд, ки як рӯз пеш дар додгоҳи шаҳри Боку мурофиаи ӯ аз сар гирифта шуд. Дар ин рӯз марде шоҳидӣ дод, ки ба гуфтаи мақомот, гӯё Хадиҷа уро ба худкушӣ ташвиқ карда бошад.

Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари бахши озарии Радиои Озодиро соли 2014 бо ин иддао, ки гӯё Турал Мустафоев, ҳамкори собиқашро ба худкушӣ ташвиқ кардааст, боздошт намуданд, вале баъдан ӯ ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суистифода аз вазифа муттаҳам шуд. Турал Мустафоев дар додгоҳ гуфтааст, ки Хадиҷа ҳеҷ иртиботе ба қасди худкушии ӯ надорад ва афсурдагӣ ӯро ба он ҳол оварда будааст.

Мустафоев рӯзи 24-уми июл гуфта буд, зери фишори муфаттишон ба Хадиҷа туҳмат зад, вале бо вуҷуди эътирози вакили дифоъ, додгоҳ ин эътирофи Мустафоеро ба инобат нагирифт.

Хадиҷа Исмоилова пайваста дар бораи фасодкорӣ бахусус дар миёни атрофиёни Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон гузориш медод ва парвандаи ҷиноии ӯро як нав ниқор аз Хадиҷа мешуморанд.

Хадиҷа Исмоилова имсол бо чанд ҷоизаи дигар, аз ҷумла, ҷоизаи ба номи Барбара Голдсмит ҳам сазовор шуда буд. Ин ҷоиза ҳамасола аз сӯи созмони адабии ПЕН-Клуб барои озодии баён супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG