Пайвандҳои дастрасӣ

Ар-Риёз бо Димишқ алайҳи ДИИШ эътилоф намекунад


Одил ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саъудӣ гуфт, Ар-Риёз ба ягон эътилоф алайҳи гурӯҳи «Давлати исломӣ» (ДИИШ), ки ба он режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад шомил бошад, ҳамроҳ нахоҳад шуд.

Изҳороти ӯ рӯзи 11 август дар мулоқоташ бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар Маскав садо дод. Ба гуфтаи Ал-Ҷубайр, назари Арабистони Саъудӣ ба низоъ дар Сурия тағйир нахурдааст ва дар Сурияи0 оянда ҷое барои Башор Асад нахоҳад буд.

Русия аз ҳампаймонҳои деринаи Башор Асад аст ва ҳама даъватҳо барои аз мақом канор рафтани ӯро мекунад.

Русия ва Эрон, яке аз рақибони Арабистони Саъудӣ дар Ховари Миёна, талош доранд, ки эътилофи байнулмилалиеро бо ширкати ҳукумати феълии Димишқ ташкил кунанд.

Сергей Лавров гуфт, ки ӯ ва меҳмони саъудияш гомҳои воқеъӣ ба хотири таҳияи шароити мусоидтарин барои гуфтугӯи таҳти сарпарастии СММ миёни ҳукумати Сурия ва ҳама гурӯҳҳои мухолифи давлатро ҳамоҳанг карданд.

XS
SM
MD
LG