Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Ироқ пешниҳоди Ибодиро пазируфт


Ҳайдар Ибодӣ

Ҳайдар Ибодӣ

Парлумони Ироқ бастаи пешниҳодҳои зидди фасоди нахуствазир Ҳайдар Ибодиро пазируфт. Дар ин бора раиси парлумон Салим ал-Ҷибурия рӯзи 11 август дар як сӯҳбати мустақим аз тариқи телевизионии давлатӣ хабар дод. Ҳайдар Ибодӣ рӯзи 9 август пешниҳод кард, ки дар вокуниш ба эътирозҳои густурдаи ҳафтаҳои ахир дар кишвар ислоҳоти сохтори давлатӣ сурат бигирад. Ӯ дар саҳифааш дар Facebook хостори аз байн бурдани мақоми муовини раисиҷумҳур ва муовини нахуствазир ба хотири кам кардани масрафи буҷа ва мубориза бо фасод шуд.

Бастаи пешниҳодҳои нахуствазир ҳамчунин аз байн бурдани чанд мақоми дигар калидӣ, лағви квота барои вазифаҳои давлатӣ аз рӯи намояндагӣ аз мазҳаб ё ҳизб ва тафтиши дубораи парвандаҳои марбут ба фасодро дарбар мегирад.

Рӯзи 10 август яке аз се муовини нахуствазир – Баҳо ал-Араҷӣ, ки масъулияти бахши энерҷиро бар ӯҳда дошт, ба истеъфо рафт ва гуфта мешавад, ки ӯ дар даст доштан дар фасод гумонбар мешавад. Араҷӣ аз афроди наздик ба рӯҳонии маъруф Муқтадо Ас-Садр аст ва бар пояи хабарҳо, намояндаи гурӯҳи ӯ дар ҳукумати Ироқ буд.

Ибтидои моҳ Баҳо ал-Араҷӣ ҳукумати Нурӣ ал-Моликиро дар он айбдор карда буд, ки тақрибан 1 триллион доллари аз фурӯши нафт ва кӯмаки байнулмилалӣ дар солҳои 2004-2014 ба буҷа воридшударо “гум” кардааст.

Рӯзи 7 август дар сартосари Ироқ намоишҳои густурдаи эътирозӣ алайҳи фақр дар ҷомеъа ва фасод дар ниҳодҳои давлатӣ баргузор шуданд. Оятуллоҳ Алии Сиистонӣ. Раҳбари шиаҳои Ироқ, ҳамон рӯз аз Ҳайдар Ибодӣ даъват намуд, ки мушкили фасод дар ҳукуматро ҳал кунад.

XS
SM
MD
LG