Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фергюссон вазъи фавқулодда ҷорӣ шуд


Раиси минтақаи Сент-Луиси аёлати Миссурии ИМА шоми душанбе баъд аз бархӯрди эътирозгарон бо полис ва ғорати дукону мағозаҳо дар шаҳри Фергюссон вазъи фавқулодда ҷорӣ кард.

Рӯзи 10 август садҳо нафар дар солгарди рӯзи кушта шудани ҷавони сиёҳпӯст Майкл Браун аз сӯи як полиси сафедпӯст намоиши эътирозӣ баргузор карданд. Дар поёни тазоҳурот миёни эътирозгарон ва кормандони полис задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Ба оташи низоъ хабари аз сӯи полис маҷрӯҳ шудани як ҷавони 18-солаи сиёҳпӯст Тайрон Ҳаррис равған пошид. Ҷон Белмар, сардори раёсати пулис гуфт, ки Ҳаррис ҳангоми тазоҳурот ба тарафи маъмурони пулис тир андохтааст ва дар оташи ҷавобии онҳо захмӣ шудааст.

Расо як сол пеш як афсари пулиси сафедпӯст ҳангоми таъқиби ҷавони сиёҳпӯст Майкл Браун ӯро бо зарби туфанг кушт ва ин ҳодиса тазоҳуроти густурда алайҳи нажодпарастӣ, ва аз аз ҷумла тазоҳуроти хушунатомезро дар саросари Амрико барангехт.

Раиси минтақаи Сент-Луис изҳор намуд, ки вазъи фавқулодда ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи хушунат ҷорӣ карда шуд. Барои назорати хиёбонҳои Фергюссон теъдоди бузурги кормандони полис сафарбар шудааст.

XS
SM
MD
LG