Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Зариф ба Туркия мавқуф гузошта шуд


Вазорати умури хориҷии Туркия рӯзи 11 август дар бораи ба таъхир уфтодани сафари расмиии вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ба Анкара хабар дод. Дар хабари вазорат ба сабабҳои мавқуф гузошта шудани ташрифи дипломати воломақоми эронӣ ишора нашудааст.

Қарор буд, ки дар ҷараёни сафари Муҳаммад Ҷавод Зариф ба Туркия масоили марбут ба ҳаводиси ахир дар минтақа ва ҳамкориҳои судманди дуҷониба баррасӣ шаванд.

Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз Туркия хостори ҳамкории зичтар дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ шуда буд. Теҳрон, ки мегӯяд талоши хатми низоъ дар Сурияро дорад, ахиран эълом дошт, барномаи ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурияро ба Созмони Миллаи Муттаҳид ироа мекунад.

Мақомоти эронӣ рӯзи 7 август дар бораи сафари қарибулвуқӯъи Муҳаммад Ҷавод Зариф ба Маскав хабар дода буданд, аммо хабаргузории ТАСС дигрӯз навишт, ки ин сафар то ҳафтаҳои гузашта мавқуф гузошта шудааст.

Аз ин пеш дипломатҳои Эрон, Русия ва Сурия ба хотири ташкили эътилоф алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” бо ширкати ҳукумати Башор Асад мулоқот доир карда буданд.

XS
SM
MD
LG