Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 47 миллион $ медиҳад


Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои иҷрои чор лоиҳа 47 миллион доллар медиҳад. Масъулони Вазорати молия рӯзи 11 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки созишнома дар мавриди маблағгузории чор лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи гузашта аз сӯи Абдусалом Қурбониён, вазири молия ва Патрицией Виверс-Картер, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе ба имзо расидааст. Ба гуфтаи онҳо, яке аз лоиҳаҳо соҳаи маорифро дар бар мегирад, ки маблағи он 15 миллион долларро ташкил медиҳад ва ҳадафаш беҳтар ва назорат кардани сифати таҳсили олӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба иттиллои масъулони Вазорати молия, “лоиҳаи дуюм дар замини обрасонии шаҳри Душанбе буда ва аз ҷониби Ассосиатсияи байналмилалии рушд барои иҷрои он 10 миллион доллар ҷудо мешавад. Саҳми ҳукумати шаҳри Душанбе дар иҷрои ин лоиҳа 1 миллион долларро ташкил медиҳад.”

Ҳамчунин Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои лоиҳаи шуғл, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва мудирияти захираҳои обиро дар назар дорад, маблағи 12 миллион доллар медиҳад. Ба гуфтаи масъулони Вазорати молия лоиҳаи чорум, бахши беҳдошт ё тандурустиро дар назар дорад, ки ҳазинаи он 10 миллион доллар хоҳад буд ва аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад. Тибқи иттилои расмӣ Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон то кунун 21 тарҳро ба маблағи 323,4 миллион доллар иҷро мекунад.

XS
SM
MD
LG