Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи муҳокимаи Хадиҷа дар Боку


Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова

Муҳокимаи Хадиҷа Исмоиилова, хабарнигор ва гузоришгари Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми август дар додгоҳи шаҳри Боку идома кард. Дар ин рӯз марде шоҳидӣ дод, ки ба гуфтаи мақомот, гӯё Хадиҷа уро ба худкушӣ ташвиқ карда бошад. Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари бахши озарии Радиои Озодиро соли 2014 бо ин иддао, ки гӯё Турал Мустафоев, ҳамкори собиқашро ба худкушӣ ташвиқ кардааст, боздошт намуданд, вале баъдан ӯ ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суистифода аз вазифа муттаҳам шуд. Турал Мустафоев дар додгоҳ гуфтааст, ки Хадиҷа ҳеҷ иртиботе ба қасди худкушии ӯ надорад ва афсурдагӣ ӯро ба он ҳол оварда будааст. Мустафоев рӯзи 24-уми июл гуфта буд, зери фишори муфаттишон ба Хадиҷа туҳмат зад, вале бо вуҷуди эътирози вакили дифоъ, додгоҳ ин эътирофи Мустафоеро ба инобат нагирифт. Хадиҷа Исмоилова пайваста дар бораи фасодкорӣ бахусус дар миёни атрофиёни Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон гузориш медод ва парвандаи ҷиноии ӯро як нав ниқор аз Хадиҷа мешуморанд. Худаш ҳам мегуяд, ки бегуноҳ аст.

XS
SM
MD
LG