Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон масъулияти бомбгузориро бар дӯш гирифтанд


Макони таркиш дар наздикии фурудгоҳи Кобул
Макони таркиш дар наздикии фурудгоҳи Кобул

Толибон дар Афғонистон масъулияти таркиши қавиеро бар ӯҳда гирифтанд, ки дар назди фурудгоҳи шаҳри Кобул ба вуқӯъ пайваст. Мақомот гуфтанд, як маргталаб рӯзи 10-уми август мошини бомбгузоришудаашро ба посгоҳе дар назди фурудгоҳи Кобул равона кард, ки дар натиҷа камаш 5 нафар кушта ва 16 тани дигар маҷруҳ шуданд. Як мақоми вазорати умури дохилӣ гуфт, ки “талафот дар миёни ғайринизомиён ва нерӯҳои амниятӣ вуҷуд дорад.” Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, гуфт, ҳадафи маргталаб ду мошини ҳомили хориҷиён будааст. Ба қавли афғонҳо дар ин бомбгузорӣ кушта нашудаанд. Пеш аз ин дар ҳафтаи гузашта дар натиҷаи ҳамлаву бомбгузориҳо дар Кобул даҳҳо нафар кушта шуданд ва садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Рӯзи 10-уми август Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар як нишасти хабарӣ дар Кобул, Покистонро барои ин бомбгузориҳо танқид кард ва гуфт, “Рӯзҳои ахир нишон дод, ки тамрингоҳҳои бомбгузорони маргталаб ва корхонаҳои бомбсозӣ, ки мардуми моро мекушанд, мисли гузашта дар Покистон фаъоланд.”

XS
SM
MD
LG