Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шадид Тоҷикистонро ларзонд


Рӯзи даҳуми август соати 15:05 ба вақти Душанбе як заминларзаи шадид Тоҷикистонро ларзонд. Маркази зилзилашиносии аврупоӣ баъд аз лаҳзаҳои ин заминларза гуфт, ки шиддати он ба 6 дараҷаи Рихтер баробар ва марказаш 35-километрии ҷанубуғарби ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон будааст. Маркази зизиласанҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки иттилои расмӣ дар ин бора то ним соати дигар нашр хоҳад шуд ва дар бораи хисороти ин заминларза низ иттилое нест. Бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, шиддати заминларза ба ҳадде буд, ки бошандагони биноҳои баландошёна ба берун баромадаанд.

XS
SM
MD
LG