Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, Қирғизистон об додааст


Рустои Куктоши Қирғизистон

Рустои Куктоши Қирғизистон

Баъди ду метр дарунтар гирифтани девори хонаи Фахриддин Шарофов, сокини рустои Сомониёни Исфара, ҷониби Қирғизистон маҷрои об ба ҷамоати Чоркӯҳро боз кардааст. Неъматбой Олимов -- раиси хоҷагии Чоркӯҳ рӯзи 10 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ифтитоҳи роҳ ба сӯи қабристони қирғизҳо ва кушода шудани роҳи оби сокинони Исфара рӯзи якшанбе дар маросими ботантана сурат гирифтааст.

“Сокинони ду тарафи марз дар деҳаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Куктоши Қирғизисон аз ин иқдом изҳори хушӣ карда, дасти ҳамсоядориро ба якдигар дароз карданд,” -- афзуд ӯ. Даҳҳо тан аз маъмурони пулис, ки ба маҳалли муноқиша оварда шуда буданд, ба ҷойи кори пешинаи худ баргаштаанд. Неъматбой Олимов мегӯяд, ки ҳоло фақат барои назорати вазъ панҷ маъмури пулиси ШКД-2-и ҷамоати Чоркӯҳ боқӣ монданду бас. Задухӯрд миёни сокинони рустоҳои Сомониён ва Куктош

рӯзҳои 3 ва 4 августи соли ҷорӣ дар қитъаи марзии байни рустоҳои Сомониён (Тоҷикистон) ва Кӯктош (Қирғизистон) сар зад. Муовини нахуствазири Қирғизистон ваъда дод, ки ҳама иғвогарони моҷарои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

XS
SM
MD
LG