Пайвандҳои дастрасӣ

Дар тазоҳуроти Фергуссон як нафар захмӣ шуд


Пулиси Амрико дар тазоҳуроте дар шаҳри Фергуссон як нафарро захмӣ кардааст. Тирандозӣ зимни тазоҳуроти бахшида ба аввалин солгарди қатли як ноболиғи бесилоҳи сиёҳпӯст аз тарафи пулиси сафедпӯст дар ин шаҳр дар аёлати Миссури сурат гирифт. Ҷон Белмар, сардори раёсати пулис гуфт, як мард ҳангоми тазоҳурот ба тарафи маъмурони пулис тир андохтааст ва дар оташи ҷавобии онҳо захмӣ шудааст. Вазъи маҷрӯҳ ҷиддӣ, вале мӯътадил будааст. Ба гуфтаи пулис, ин мард мусаллаҳ будааст ва пулис аз паси у бо мошини берақаме ҳаракат доштааст ва ин мард ба суи маъмурони пулис омада ва ба тарафашон тир андохтааст. Тазоҳуроти рӯзи 9 –уми август бахшида ба солгарди қатли Майкл Бровн дар Амрико осоишта гузашт. Соле пеш як афсари пулиси сафедпӯст ин навраси сиёӯпӯстро ҳангоми таъқиб бо зарби туфанг кушт ва ин ҳодиса тазоҳуроти густурда алайҳи нажодпарастӣ, ва аз аз ҷумла тазоҳуроти хушунатомезро дар саросари Амрико барангехт.

XS
SM
MD
LG