Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 7 нафар барои сӯистифодаи кӯдакон


Маъмурони пулиси Покистон аз боздошти 7 марде хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо, кӯдаконро аз назари ҷинсӣ озору азият дода ва видеоҳои сабткардаашонро нашр мекарданд. Шаҳзод Султон, сардори пулиси ноҳияи Касур, рӯзи 9-уми август гуфт, муфаттишон далелу шавоҳиди ин ҷиноятҳоро ҷустӯҷу доранд ва то кунун 18 ё 19 видеоро пайдо кардаанд. Маълум нест, ин афрод чанд кӯдакро сӯистифода кардаанд, вале пулиси Покистон гуфт, ки 10 муттаҳами дигар ба ин ҷиноятҳоро ба зудӣ дастгир мекунанд. Хабари табъизи кӯдакон баъд аз он нашр шуд, ки наздикони ин кӯдакон бо ин гуфта, ки пулис ба парвандаи ҷинояткорон дуруст расидагӣ намекунад, бо онҳо ҷанҷолу кашмакаш карданд. Баъди ин Сабо Содиқ, раиси Идораи муҳофизати кудакон ва Шаҳбоз Шариф, раиси минтақа амр хостаанд, парванда мушикофона таҳқиқ шавад ва ҳамаи ҷиноятҳои содиршударо ба ҷомеа бигуянд.

XS
SM
MD
LG