Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиреҳпӯшҳои нозиронро дар Донестк оташ задаанд


Яке аз мошинҳои сӯхтаи нозирони байналмилалӣ
Яке аз мошинҳои сӯхтаи нозирони байналмилалӣ

Чаҳор мошини зиреҳпӯши нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро шаби 9 ба 10-уми август дар шаҳри Донетски Украина оташ задаанд. Дафтари ин нозирон 9-уми август бо нашри паёме дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки мошинҳои нозиронро шабона барқасд оташ задаанд ва ҷузъиёт дар ин бора нашр мешавад. Маъмурияти махсуси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Украина рӯзи 7-уми август гузориш дод, ки мавридҳои нақзи оташбас дар фурудгоҳи Донетск ва атрофи он “бисёр зиёд” шудааст. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро барои назорати иҷрои созиши оташбаси байни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия фиристодаанд. Ин созиш моҳи феврал дар шаҳри Минск имзо шуд.

XS
SM
MD
LG