Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини Ҳамроҳхон Зарифӣ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҷопон


Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Ҷопон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Ғуломҷон Бобозодаро иваз кардааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Ҷопон таъин шуда, дар ин мақом Ғуломҷон Бобозодаро иваз кард. Дар ин бора фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10 август нашр шуд ва дафтари матбуоти президент мегӯяд, инчунин, Файзулло Холбобоев сафири нави Тоҷикистон дар Украина таъин гардидааст.

То ин вақт Шӯҳрат Султонов Тоҷикистонро дар Украина намояндагӣ мекард ва Файзулло Холбобоев намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, Намояндаии доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Евразия буд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ баъди ду соли барканорияш аз мақоми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мансаби дипломатӣ гирифт. То ҳол матбуоти дохилӣ эҳтимоли сафири Тоҷикистон дар Чин таъин шудани ӯро тахмин мезаданд.

Оқои Зарифӣ моҳи ноябри соли 2013, баъд аз интихоботи президентӣ, дар пайи ба истеъфо рафтани ҳукумати Тоҷикистон курсии худро дар ихтиёри Сироҷиддин Аслов гузошт ва баъд аз он мақоми давлатӣ нагирифта буд. Аммо ӯ баъди рафтанаш аз мақоми вазири корҳои хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шуда, пайваста аксҳои зиёдеро аз ҷараёни сафарҳояш ба хориҷ ва гаштугузораш дар боғу гулгаштҳоро нашр мекард.

Ҳамроҳхон Зарифӣ аз соли 2006 то 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG