Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзбони қирғиз дар марз бо Тоҷикистон тир хӯрдааст


Қирғизистон мегӯяд, як марзбони қирғиз дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон аз тири сарҳадшиканҳо захмӣ шудааст. Бино ба гузориши Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин ҳодиса рӯзи 8 август дар минтақаи Кочо-Қарини вилояти Бодканд рух додааст. Бино ба ин манбаъ, соати тақрибан 19 дар атрофи рустои Кӯктош марзбонони қирғиз аз талоши убури марз аз сӯи тақрибан 15 шаҳрванди Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаву якеи онҳоро дастгир кардаанд. Ҳангоми интиқоли ин боздоштшуда ба дидбонгоҳи марзӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба тарафи марзбонҳои қирғиз ғолибан аз камони шикорӣ тир холӣ кардаанд. Дар натиҷа як марзбони қирғиз аз пояш тир хӯрдааст. Дар пайи ин ҳодиса мулоқоти билофосилаи намояндагони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон доир шуда, ҷониби Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашондани масъулони ин ҳамла ва андешидани тадбирҳои бештар ба манзури пешгирӣ аз убури ғайриқонунии марзи ду кишварро талаб кардааст. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, афроди масъули тирандозии шоми 8 августро ҷустуҷӯ мекунад.

То ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудани марз дар ин минтақа, ки мушкилтарин минтақаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад, ҳар сари чанд вақт боиси танишҳое байни ду тараф мешавад. Ҳафтаи гузашта низ дар ҳамин минтақаи марзи байни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд байни сокинони ду тарафи марз занозаниҳое сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG