Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт голи беҷавоби "Истиқлол" ба дарвозаи "Хайр"


​Рӯзҳои 8-9 август бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дар бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8-9 август барпо гардиданд, дар чаҳор бозӣ мизбонон ва танҳо дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.

“Истиқлол”-и Душанбе, пешсафи ҷадвали мусобиқа, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Манучеҳр Ҷалилов, ки панҷ гол зад, қаҳрамони ин бозӣ гардид. Вай дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо 13 гол дар ҷойи аввал аст.

Дар бозии дигар «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бл ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Ду голро Ҷаҳонгир Эргашев ба самар расонд. Иброҳим Рабимов ва Аҳтам Ҳамроқулов якголӣ заданд.

«Равшан»-и Кӯлоб таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Тоҳир Муъминов дар майдони худ «Барқи тоҷик»-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Ҳамлагари “Равшан” Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, ки ду гол ба ҳадаф расонд, қаҳрамони ин бозӣ гардид.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ба голи бозигари «Парвоз» Абдумалик Юсуфов аз ҷаримаи 11-метра Комил Саидов, Расул Файзов ва Фаридун Шарифов бо се гол посух доданд.

ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Тӯбро Андох Наполеон, легионери ССКА “Помир” аз Гана, ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«РАВШАН» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 3:2

Голҳо: Фирӯз Юсуфов, 20 (0:1). Сафархон Мирзоев, 45+1 – ба дарвозаи худ (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 55 (2:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 61 (3:1). Фирӯз Раҳматов, 71 (3:2).

«ПАРВОЗ» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 1:3

Голҳо: Абдумалик Юсуфов, 15 – аз пеналтӣ (1:0). Комил Саидов, 16 (1:1). Расул Файзов, 36 (1:2). Фаридун Шарифов, 84 (1:3).

Аз майдон хориҷ шуданд: Собир Эргашев («Парвоз»), 74 – барои дашном додани ҳарифаш, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), 74 – барои дашном додани ҳарифаш.

ССКА «ПОМИР» — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — 1:0

Гол: Андох Наполеон, 47.

Аз майдон хориҷ шуд: Абдусамад Ҳоҷибоев («Далерон-Ӯротеппа»).

«ИСТИҚЛОЛ» — «ХАЙР» — 8:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 6 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 23 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 27 (3:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 59 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 61 (5:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (6:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 72 (7:0). Зиёвуддин Фузайлов, 90 (8:0).

Огоҳонида шуданд: Дилшод Восиев («Истиқлол»), Сайёдмуҳаммад Ҳусейнзода («Хайр»).

«ХУҶАНД» — «ВАХШ» — 4:0

Голҳо: Иброҳим Рабимов, 8 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 12 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 58 (3:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 67 (4:0).

Огоҳонида шуданд: Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»), Абубакр Азимов («Вахш»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

11

11

0

0

45-2

33

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

8

2

1

23-7

26

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

11

6

4

1

18-8

22

4

«Равшан» (Кӯлоб)

11

6

2

3

24-22

20

5

«Хайр» (Ваҳдат)

11

6

1

4

15-21

19

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

11

4

2

5

8-13

14

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

11

3

2

6

13-17

11

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

11

1

3

7

3-22

6

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

11

1

2

8

8-22

5

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

11

0

0

11

2-25

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 13 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 10 тӯб, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол») – 7-тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан») – 5-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG