Пайвандҳои дастрасӣ

56 ҳазор сомонӣ ҷаримаи 24 хатмкунанда


24 хатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб барои ҳозир нашудан дар ҷойи кори муқарраршуда, ба пардохти 56 ҳазор сомонӣ ҷарима муҷозот шуданд. Абдулло Табаров, раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи 10 август ба Радиои Озодӣ гуфт, “тибқи роҳхати донишгоҳ 24 хатмкунанда бояд дар мактабҳое, ки муқаррар шуда буд, рафта кор мекарданд, аммо инҳо сарпечӣ намуданд. Идораҳои маорифи даҳ шаҳру ноҳия нисбат ба ин хатмкунандаҳо шикоят навишта ва ба додгоҳ фиристоданд. Дар асоси ҳалномаи додгоҳ ин 24 нафар ба пардохти маблағи таҳсил муваззаф шуданд.” Зеро ба гуфтаи Табаров, ин 24 хатмкунанда, ки аз факултаҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳастанд, ба таври буҷавӣ таҳсил кардаанд ва барои ҳамин бояд маблағи таҳсилро пардохт мекарданд. Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон солона беш аз 3 ҳазору 800 донишҷӯ гурӯҳҳои буҷавии риштаҳои омӯзгориро хатм мекунанд, ки дар бештари маворид даҳҳо нафари онҳо ба кор ҳозир намешаванд. Иддае аз ин хатмкунандагон сабаби ба ҷои кор ҳозир нашуданашонро ба паст будани маошашон рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG