Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи мусиқии "Боми ҷаҳон" дар Хоруғ


Ҷашнвораи мусиқии “Боми ҷаҳон” дар шаҳри Хоруғ ҳунармандони мардумии чандин кишварҳои хориҷиро гирди ҳам хоҳад овард. Созмондиҳандагони ҷашнвора умед доранд, ба ин тариқ дар ҳифз ва эҳёи мусиқиву рақси мардумӣ ва, инчунин, ҷалби бештари сайёҳон ба Бадахшон мусоидат мекунанд. Ҷашнвораи мазкур, ки бо ибтикори созмони ҷамъиятии “Аmesha Spenta” рӯзҳои 22-23 август бо иштироки ҳунармандони мардумии минтақаҳои мухталифи кишвар ва гурӯҳҳои мусиқӣ аз Чину Туркия, Афғонитсону Қирғизистон ва Амрико доир мегардад.

Самандар Пӯлодов, раҳбари созмони “Аmesha Spenta” гуфт, ин ҷашнвора бояд як моҳ пештар дар Бадахшон ва бо иштироки ҳунармандон аз Ҳиндустону Русия сурат мегирифт, аммо бинобар сар задани офатҳои табиӣ дар минтақа баргузории фестивал то моҳи август мавқуф гузошта шудааст. “Фестивал асосан аз 4 қисм - намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, намоиши филмҳои мустанад, гузарондани мастер-классҳо оид ба созҳои мусиқӣ ва иҷрои барномаи консертӣ, ки аз мусиқии мардумӣ ва синтези оҳангҳои қадимиву муосир эҷод шудааст аст, иборат мебошад,”-афзуд ӯ.

Аз тарафи дигар ба гуфтаи Самандар Пӯлодов, иштирок дар ҷашнвори мазкур барои ҳунармандони мардумие, ки дар рустоҳо ба сар мебаранд ва имкони баромад дар саҳнаҳои бузургро надоранд, шароит фароҳам меорад, ки истеъдоди худро намоиш бидиҳанд.

Баргузории ҷашнвораи “Боми ҷаҳон” дар ҳолест, ки дар Бадахшон сурудҳои мардумӣ хеле маъмул буда, жанрҳои фалак, мадҳияхонӣ, дафсоз, Даргилик, лалаик, булбулик, нанаик ва лапархонӣ ҳамчун падидаи нодир дар мусиқии суннатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла Даргилик, яке аз жанрҳои адабиёти фолклории Бадахшон аст, ки дар сабки мусиқии “фалаки бадахшонӣ” суруда мешавад. Ин сабк бештар таронаҳои ғамангези занонаро дар бар мегирад, ки умдатан дар марвиди дуриву фироқ суруда мешавад.

XS
SM
MD
LG