Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи марги 15 нафар дар пайи фурӯ рафтани пули "Кӯли ҷавонон"


Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки баъд аз тахриби пул одамони зиёд ба кӯл афтода, ғарқ шудаанд. Мақомот то ҳол чизе нагуфтаанд, вале бино ба хабарҳои дарёфтӣ дар ин ҳодиса 15 нафар ҷон додаанд.

Узбакистон барои таҳқиқи марги 15 нафар аз сокинони шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм дар пайи фурӯ рафтани як пул дар боғи "Кӯли ҷавонон" комиссияи ҳукуматӣ таъсис додааст. Ҳарчанд Оҷонсии давлатии хабарии УзА мегӯяд, ин пул замоне тахриб шудааст, ки садҳо тан барои тамошои консерт ба боғи "Кӯли ҷавонон" омада буданд, аммо дар бораи теъдоди фавтидагон ҳеч иттилоъ надодааст.

Ин оҷонсӣ мегӯяд, ки "комиссияи ҳукуматӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, ба хонаводаи қурбониён ва маҷрӯҳон кумак хоҳад кард. Инчунин, комиссияи иллатҳои рух додани ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад."

Тахриби купрӯк дар боғи истироҳати воқеъ дар кӯли Ҷавонони шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Узбакистон шоми 8 август рӯй дод ва дар он, бино ба иттилои ахир, 15 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар бораи ин ҳодиса шоҳидон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар доданд.

Фоҷиа ҳангоми консерти овозхон Наврӯз Собиров, ки миёни ҷавонон хеле маъруф аст, ба вуқӯъ пайваст. Шоми шанбе барои тамошои консерт одамони зиёд болои купрӯк ҷамъ омаданд ва ҳадс зада мешавад, ки маҳз таҷаммӯи афроди зиёд боис ба хароб шудани як тарафи он шудааст. Одамони зиёде ба кӯл сарозер шуданд. Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар соатҳои аввал ҷасади даҳ нафарро аз об берун карданд.

Амалиёти наҷотбахшӣ ва ҷустуҷӯи ҷасадҳо зери нури прожекторҳо то субҳи якшанбе идома дошт.

Мақомоти расмии Узбакистон дар бораи ин фоҷиа ҳанӯз иттилоеро дар ихтиёри расонаҳо нагузоштаанд.

Кӯли Ҷавонон, ки дар майдони 15 гектар доман густурдааст, дар ин рӯзҳои гарми тобистон ҷойи асосии фароғати мардуми Урганҷ маҳсуб мешавад. Дар байни Кӯли Ҷавонон ҷазираи сунъӣ бунёд ёфта ва дар он ҷо чойхона, қаҳвахона ва як киштӣ-тарабхона ҷойгир шудаанд. Ҳодиса дар купрӯке рӯй додааст, ки ҷазираи сунъиро бо соҳил мепайвандад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG