Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ дар Нагасаки


Дар шаҳри Нагасакии Ҷопон рӯзи 9 август маросими ёдбуди қурбониёни зарбаи атомӣ аз сӯи ҳавопаймоҳои низомии ИМА баргузор шуд. Соати 11-у 02 дақиқа ба вақти маҳаллӣ – лаҳзае, ки 70 сол пеш ба шаҳр бомби атомӣ андохта шуд, дар сартосари Ҷопон ба ёди қурбониён як дақиқа сукут карданд.

Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ дар суханронӣ дар маросим, аз ҷумла изҳор намуд, ки Токио дар талошҳояш барои ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ пойдор хоҳад монд.

Дар ин маросим номаи Дабири кулли СММ Бан Ки Мун қироат шуд, ки дар он гуфта шудааст, "Нагасаки бояд охирин қурбонӣ бошад, мо ба касе наметавонем иҷоза диҳем, ки дар оянда аз силоҳи ҳастаӣ истифода барад, зеро паёмадҳои башарии он хело мудҳишанд».

Рӯзи якшанбе дар ибодатгоҳҳои насронии Ҷопон ба ёди қурбониён ниёиш баргузор шуд.

Бар асари таркиши бомбаи ҳастаӣ дар Нагасаки рӯзи 9 августи соли 1945 дасти кам 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Се рӯз аз ин пеш дигар шаҳри Ҷопон – Хиросима низ ҳадафи зарбаи атомӣ қарор гирифта буд.

Бино ба манбаъҳои таърихӣ, қарор буд, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ бомбаи ҳастаиро ба шаҳри Кокура афкананд, аммо он рӯз ҳавои болои ин шаҳр абрӣ буд ва аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки бомбаро болои Нагасаки партоянд.

XS
SM
MD
LG