Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури дохилаи Афғонистон рӯзи 9 август дар бораи кушта шудани дасти кам 22 нафар бар асари ҳамлаи маргталабонаи як мусаллаҳи толиб дар вилояти Қундуз, воқеъ дар шимоли кишвар хабар дод.

Сарвар Ҳусейнӣ, намояндаи полиси Қундуз гуфт, ки ин ҳодиса шоми шанбе дар мавзеи Хонобод ба вуқӯъ пайваст ва маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро миёни гурӯҳе аз шибҳанизомиёни пуштибон аз ҳукумат тарконд. Шибҳанизомиён ҳадаф доранд, ки бо мусаллаҳони Толибон ва тундгароҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ахиран бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” байъат кардаанд, вориди ҷанг шаванд.

Аз ин пеш бар асари силсилаи ҳамлаҳо дар шаҳри Кобул беш аз 50 нафар куштаву тақрибан 300 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти Афғонистон рӯзи 9 август гуфтанд, ки дар ин ҳамлаҳо 15 сокини осоишта, 27 муҳассили Академияи полис, ҳашт корманди мулкӣ ва як сарбози НАТО ҷон бохтаанд.

Се ҳамлаи алоҳида дар пойтахт рӯзи 7 августро ба хунбортарин рӯз баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон табдил карданд. Ин нахустин ҳамлаи густурда ба пойтахти Афғонистон баъд аз пахши хабари марги раҳбари пешини Толибон Мулло Муҳаммад Умар ва дар мақоми пешвои ин ҷунбиш пазируфта шудани Мулло Ахтар Мансур буд.

Кохи сафед хабар дод, ки мушовири раисиҷумҳури ИМА дар масоили амнияти миллӣ Сюзан Райс дар як сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба ӯ изҳори тасаллият кард.

XS
SM
MD
LG