Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ба эҳёи робитаҳои созанда миёни Вошингтону Теҳрон ба думболи имзои созиши ҳастаӣ бо Эрон хушбин аст. Аммо билофосила ташаккул ёфтани ин робитаҳо гумон аст, гуфтааст ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN, ки қарор аст шоми 9 август пахш шавад.

Обама афзудаст, ки қабл аз ҳама, мушкили ҳастаии Эронро бояд ҳаллу фасл кард. Созиши ҳастаӣ миёни Теҳрон ва шаш кишвари абарқудрат имкон медиҳад, ки дар ҷавоб ба коҳиши барномаи ҳастаии Эрон таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи ин кишвар лағв шаванд ва “ин назар ба дигар алтернатива беҳтар аст”.

Аъзои Конгресс аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва баъзе аз конгрессменҳои демократ ба созиши ҳастаӣ бо Эрон мухолифанд.

Обама мегӯяд, ки имзои созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон роҳро барои баррасии дигар мушкилоти минтақаӣ бо Теҳрон боз мекунад. Ӯ ба ҳайси намуна аз қазияи Сурия ном бурдааст.

XS
SM
MD
LG