Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ хостори ислоҳот дар ҳукумати Ироқ шуд


Ҳайдар Ибодӣ
Ҳайдар Ибодӣ

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи 9 август пешниҳод кард, ки дар вокуниш ба эътирозҳои густурдаи ҳафтаҳои ахир дар кишвар ислоҳоти ҳукуматӣ сурат бигирад.

Ӯ дар саҳифааш дар Facebook хостори аз байн бурдани мақоми муовини раисиҷумҳур ва муовини нахуствазир ба хотири кам кардани масрафи буҷа ва мубориза бо фасод шуд. Раисиҷумҳур ва нахуствазири Ироқ ҳар кадоме се муовинӣ доранд. Рақиби сиёсии Ибодӣ – нахуствазири пешин Нурӣ ал-Моликӣ дар курсии муовини раисиҷумҳур такя задааст.

Ибтидои моҳ Баҳо ал-Аъраҷӣ, муовини нахуствазир дар умури энерҷӣ, ҳукумати ал-Моликиро дар он айбдор кард, ки тақрибан 1 триллион доллари аз фурӯши нафт ва кӯмаки байнулмилалӣ дар солҳои 2004-2014 ба буҷа воридшударо “гум” кардааст.

Рӯзи 7 август дар сартосари Ироқ намоишҳои густурдаи эътирозӣ алайҳи фақр дар ҷомеъа ва фасод дар ниҳодҳои давлатӣ баргузор шуданд. Оятуллоҳ Алии Сиистонӣ ҳамон рӯз аз Ҳайдар Ибодӣ даъват намуд, ки мушкили фасод дар ҳукуматро ҳал кунад.

Пешниҳоди нахуствазир дар бораи ислоҳот бояд аз сӯи кобинаи вазирон ва парлумони Ироқ пазируфта шавад.

XS
SM
MD
LG