Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул ба саҳнаи таркишҳо табдил шуд


Бар асари силсилаи ҳамлаҳо дар шаҳри Кобул беш аз 50 нафар куштаву тақрибан 300 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Се ҳамлаи алоҳида дар шаҳри Кобул рӯзи 7 августро ба хунбортарин рӯз баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон табдил карданд. Ин нахустин ҳамлаи густурда ба пойтахти Афғонистон баъд аз пахши хабари марги раҳбари пешини Толибон Мулло Муҳаммад Умар ва дар мақоми пешвои ин ҷунбиш пазируфта шудани Мулло Ахтар Мансур буд.

Ҳамлаи густурдаву дар моҳҳои ахир бесобиқа аз таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар дар маҳаллаи Сиёҳсанг, воқеъ дар маркази пойтахти Афғонистон баъд аз нимшаби 7 август шурӯъ шуд. Дар ин ҳамла 15 сокини осоишта ҷон бохтанд, 240 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Сайид Зафар Ҳошимӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба расонаҳо гуфт, миёни афроди ҷароҳатбардошта 47 зан ва 33 кӯдак ҳам ҳастанд.

Баъди камтар аз 24 соат як маргталаб худро дар даромадгоҳи Академияи полис дар Кобул тарконд. Вазорати умури дохилаи Афғонистон рӯзи 8 август хабар дод, ки ин ҳамла беш аз 40 қурбонӣ ба думбол дошт.

Манбаъҳо дар полис мегӯянд, ки дар ин ҳамла 26 нафар кушта ва 28 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилои полис, ҳамлагар дар тан либоси муҳассили академияи полисро дошт ва камарбанди худро дар миёни донишҷӯёни навхат тарконд. Масъулити ин ҳамларо ҷунбиши “Толибон бар ӯҳда гирифт.

Паймони НАТО дар як баёния рӯзи 8 август тасдиқ кард, ки ҳашт корманди мулкӣ ва як низомияш дар дигар задухӯрди шабона дар пойгоҳи нерӯҳои вокуниши сареъи амрикоӣ дар наздикиҳои фурудгоҳи Кобул ҷон бохтаанд. Қабл аз тирандозӣ ҳамлагарон дар назди пойгоҳ мошини ҳомили таркандаро мунфаҷир карданд. Ба гуфтаи низомиёни НАТО, дар задухӯрди ба думболи ҳамла ба вуқӯъпайваста ду тан аз ҳамлагарон кушта шудаанд.

Бар пояи хабарҳо, ҳангоми ҳамла дар канори бинои вазорати алайҳи маводи мухадир дар Кобул нерӯҳои хориҷӣ ба кӯмаки низомиёни афғон шитофтанд. Аммо як мақоми амниятӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, сарбозони хориҷӣ атрофи бинои вазоратро печонида гирифта, сарбозҳои афғонро иваз карданд, зеро гурӯҳи мушовирони хориҷӣ дар дохили бино буданд. Нерӯҳои эътилофи таҳти фармони ИМА ваколат доранд, ки масъулияти амалиёти таъмини амнияти мушовирони хориҷиро бар ӯҳда бигиранд.

Дар бораи ҳуввияти сарбозони хориҷие, ки шоми 7 август вазорати зидди маводи мухадирро мудофиа карданд, иттилое нест. Аммо Идораи назорат аз болои истифодаи қонунии маводи мухадири ИМА (DEA) бо полиси зидди маводи мухадири Афғонистон ҳамкорӣ дорад ва онҳо ҳамроҳ мавзӯи ташкили хариду фурӯши хашхошро, ки манбаи даромади ситезаҷӯён аст, тафтиш мекунанд.

Баъд аз ҳамлаҳои ахир полиси Кобул рӯзона ба пойтахт ворид шудани мошинҳои боркашро манъ кард - аз ин баъд вуруди онҳо ба шаҳр фақат аз соати 9 шаб то 5 субҳ мумкин аст.

XS
SM
MD
LG