Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис: Қаламрави гумкардаро бармегардонем


Ираклий Гарибашвилӣ
Ираклий Гарибашвилӣ

Ираклий Ғарибашвили, нахуствазири Гурҷистон, рӯзи 8 август аз қурбониёни ҷанг миёни Русияву Гурҷистон ёд кард ва гуфт, ки Тифлис умедвори эҳёи муколама бо ҷумҳуриҳои худхондаи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубист.

Ҳафт сол пеш, шаби 8 август, баъд аз талоши Тифлис барои барқарор кардани назорат аз болои ин ду минтақа, артиши Русия вориди қаламрави Гурҷистон шуд. Бар пояи иттилои расмӣ, дар ин низоъ тақрибан ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Баъд аз ҷанги панҷрӯза Русия ба пойгоҳҳояш дар Абхозистону Осетияи ҷанубӣ нерӯи иловагӣ ва техникаи муосири ҷангӣ ворид кард.

Ираклий Ғарибашвили гуфт, Тифлис дар қиболи Русия аз сиёсати хирадмандона кор мегирад ва ҳамзамон эълом медорад, ки Абхозистону Осетияи ҷанубӣ қаламрави Гурюистонанд ва мардуми гурҷӣ ба ҳеҷ ваҷҳ зиндагӣ бидуни бародарони абхозиву осетинашонро таҳаммул нахоҳад кард. Агар мо мехоҳем, ки қаламрави гумкардаамонро баргардонем ва ҳамроҳ бо бародарони абхозиву осетинамон зиндагӣ кунем, мо бояд гуфтушуниди сулҳро роҳандозӣ намоем, афзуд нахуствазири Гурҷистон.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ҳам дар робита ба солгарди ҷанг дар Қафқоз рӯзи 8 август дар саҳифааш дар Фейсбук изҳороте нашр кард ва талоши Тифлис барои барқарор кардани назорат аз болои ду ҷумҳурии худхондаро “таҷовуз” номид. Ӯ навишт, ки Русия барои таъмини зиндагии орому амн ба мардуми Абхозистону Осетияи ҷанубӣ кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG