Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишӣ дар Душанбе


​Имрӯз, 8 август, дар шаҳри Душанбе давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Дар давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон, ки имрӯз, 8 август, дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) оғоз ёфт, 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат доранд.

Ин давраи бозомӯзиро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир кардаанд.

Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ҳадаф аз баргузории давраи бозомӯзӣ баланд бардоштани савия ва малакаи касбии шореҳону хабарнигорони соҳа мебошад.

Дар доираи барномаи ин давраи бозомӯзӣ, хабарнигорон имрӯз бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот карда, ба суолҳои худ дар робита ба омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016дар Рио-де-Жанейрои Бразилия посухҳои дақиқ гирифтанд.

Роҳбарони соҳаи варзиши кишвар, пеш аз ҳама ба хабарнигорони варзишии кишвар барои ҳамкориҳои пайваста, тарғиби варзиш ва ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуда, онҳоро бо фарорасии Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола бо фармони президенти Тоҷикистон 10 август таҷлил мешавад, табрик гуфтанд.

Аҳтам Абдуллозода ба хабарнигорон иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи Фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ кард.

Ба иттилои ҷаноби Абдуллозода мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медалҳои нуқра мегиранд, бо 250 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Ба варзишгароне, ки соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ мешаванд, 200 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ муқаррар шудааст. Мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ҷаноби Раҷабалиев ба хабарнигорон гуфт, "15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ мушарраф шудаанд. Дар ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Зелимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд.”

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Барои роҳхатҳои олимпӣ варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо WTFва ғайра мубориза мебаранд.

Хабарнигорони риштаи варзиш аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон тӯли се рӯз ба давраи бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Баъди анҷоми машғулиятҳо ба ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG