Пайвандҳои дастрасӣ

Ягона духтаре, ки пулис шудан мехост, ноком гашт (ВИДЕО)


Гулсара Азимова

Гулсара Азимова

Ягона духтаре дар миёни панҷсад довталаби Коллеҷи милисаи шаҳри Кӯлоб аз имтиҳон нагузашт, аммо мегӯяд, рӯҳафтода нест ва соли оянда бори дигар нерӯяшро хоҳад озмуд.

Гулсара Азимоваи 18-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ягона духтаре, ки баръакси садҳо духтари маҳаллӣ орзуи пулис шуданро дошт, аз имтиҳони дохилшавӣ ба Коллеҷи милисаи Кӯлоб нагузашт. Ӯ бисёр мехоҳад, пулис шавад ва мисли милисазанҳое, ки дар филмҳои амрикоӣ бо ҷинояткорон даст ба гиребон мешаванд, ба як намунаи зани ҷасур дар Тоҷикистон табдил ёбад.

Аслан дар Тоҷикистон бештар писарон талоши пулис шуданро доранд. Аммо Гулсара Азимова дар миёни 500 нафар аз довталабони таҳсил Коллеҷи милиса ягона духтари довталаб буд.

Ӯ дар имтиҳони тарбияи ҷисмонӣ аз гурзандозӣ нагузашт ва бо ҳамин шонси донишҷӯ шуданро барои имсол аз даст дод. Гулсара мегӯяд, ки шеваи имтиҳонгирӣ аз ӯ ноодилона буд, вале ин чиз ӯро дилшикаста накардааст ва соли оянда ҳатман донишҷӯ хоҳад шуд.

"Маро бовар кунонда буданд, ки дар имтиҳони тарбияи ҷисмонӣ туро сахт намегирем ва ман он қадар ҷиддӣ омодагӣ надида будам. Ҳаваси милиса шудан дар дили ман аз кӯдакӣ буд. Ҳар вақте филми амрикоӣ тамошо мекардаму духтаронро дар либоси пулис медидам, дили маро ҳавасе пур мекард, ки мисли онҳо бо ҷинояткорон мубориза барам," – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ҳоло Гулсара ба тамрин оғоз кардааст ва бовар дорад, ки соли оянда донишҷӯи Коллеҷи милиса дар Кӯлоб хоҳад шуд. Волидайн чандон ин тасмими Гулсараро ҷиддӣ қабул накарданд ва талош намуданд, монеи ӯ шаванд. Онҳо Гулсараро таблиғ мекарданд, ки пизишк шавад, вале вай аз роҳи худ гаштанӣ набуд.

Маҳмуд Азимов, падари Гулсара, рӯзи 7 август дар суҳбат ба Радиои Озод гуфт, ба Гулсара чандин донишгоҳ ва Коллеҷи тиббиро пешниҳод карданд, то дар онҷо таҳсил кунад, аммо ӯ ин ҳамаро қабул накардааст. Он гоҳ падар маҷбур шудааст, ба якравии духтараш тан диҳад ва ба ӯ дар супурдани ҳуҷҷатҳояш ба Коллеҷи милиса ёрӣ диҳад.

Падари Гулсара мегӯяд, кори милисса аслан кори мардона аст ва аҳли оила метарсанд, ки ҳангоми пулис шудан духтарашон ранҷ хоҳад кашид. Аммо Гулсара бар ин аст, ки набояд касбҳоро ба мардонаву занона ҷудо кард ва ӯ ҳеч ҳарос аз душворию сахтиҳо надорад.

Масъулони Коллеҷи милисаи Кӯлоб мегӯянд, дар имтиҳон барои Гулсара ё довталаби дигар ҳеч гуна имтиёз мавҷуд набуд ва ҳар дохилшаванда бояд шартҳои имтиҳонро иҷро мекард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи онҳо, Гулсара натавонист, гурзро ҳангоми имтиҳон ба масофаи зарурӣ ҳаво диҳад ва аз таҳсил дар коллеҷ маҳрум гашт.

Ҳоло дугонаҳои наздики Гулсара мегӯянд, ӯ пас аз афтоданаш аз имтиҳони дохилшавӣ сахт ғамгин шудааст. Ҷононаи Ҳамрохон гуфт, аз кӯдакӣ бо Гулсара бузург шуда, дарди дили ӯро медонад. Онҳо бо ҳам дар кӯдакияшон ба “пулисбозӣ” машғул мешуданд. Ба гуфтаи Ҷонона, ӯро доимо Гулсара боздошт карда, дар як кунҷи хона нигоҳ медошт ва мегуфт, “ман туро маҳкам мекунам!”

Моҳҷабин, як духтари 25-сола, ки ҳоло рутбаи лейтинанти калон дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ифтихор мекунад, ки духтароне мисли Гулсара хоҳиши пулис шуданро доранд. Ба гуфтаи Маҳҷабин, на ҳар зан ҷуръат намекунад, ки дар миёни садҳо мард либоси милисаро пӯшида, аз дунболи ҷинояткор гардад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд кор барои духтарон мушкил аст, аммо ҷойи ифтихор дорад ва ҳуқуқи занонро нишон медиҳад.

Ҳоло дар Шӯъбаи умури дохилии Кулоб ва Раёсати шуъбаи умури дохилии минтақаи Кӯлоб наздики 15 зан аз рутбаи лейтенант сар карда то майор кор мекунанд ва онҳо низ аз духтарон тақозо доранд, то қолабҳоро бишикананд ва дунболи орзуҳои худ раванд. Бархе аз онҳо сабаби шомили Коллеҷи милиса нашудани Гулсараро дар он мебинанд, ки ҳанӯз ин муассиса барои таҳсили духтарон омода нест ва шояд то соли оянда вазъ тағйир ёфта, на танҳо Гулсара, балки духтарони дигар низ дари онро боз хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG