Пайвандҳои дастрасӣ

Виталий Сердюк-вакили мудофеи Виктор Янукович-раиси ҷумҳури пешини Украина гуфтааст, ки Янукович барои бозпурсӣ ба Додситонии Кулли ин кишвар ҳозир нахоҳад шуд.

6 август мақомоти Украина гуфтанд, ки онҳо Януковичро барои бозпурсӣ роҷеъ ба ришвахорӣ даъват кардаанд. Сердюк 7 август ба шабакаи телевизионии Hromadske.tv гуфт, ки Янукович аз “тарси ҷон ва саломатиаш” ба бозпурсӣ ҳозир нахоҳад шуд.

Сердюк афзуд, бо вуҷуди ин зерҳимяи вай метавонад аз тариқи видео ба ҳамаи суолҳо ҷавоб диҳад.

Янукович моҳи феврали соли 2014 баъд аз этирозҳои хушунатомез аз Украина фирор кард ва ҳоло дар Русия аст, вале ҷои дақиқи зисти вай маълум нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG