Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи додгоҳии Исмоилова дар Боку оғоз шуд


Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова

Дар Боку мурофиаи додгоҳии Хадиҷа Исмоилова-рӯзноманигори муҳаққиқ оғоз шудааст. Толори додгоҳ 7 август пур аз фаъолони ҳуқуқи башару рӯзноманигорон буд ва баъзе аз намояндагони дипломатӣ натавонистанд вориди толор шаванд.

Мурофиаи ибтидоии Исмоилова 24 июл оғоз шуда буд. Вай ҳамаҷониба дар бораи ришвахории мақомоти расмии Озарбойҷон гузориш медод. Исмоиловаро барои аз худ кардани моли дигарон, саркашӣ аз пардохти андоз ва суистифода аз мақом муттаҳам медонанд.

Вале вай ин иттиҳомотро рад мекунад ва онҳоро дорои ангезаи сисёсӣ арзёбӣ мекунад. Фаъолони ҳуқуқи башар ва ҳукуматҳои кишварҳои Ғарбӣ борҳо боздошти вайро маҳкум кардаанд.

Ин мурофиа баъд аз 8 моҳи боздошти Исмоилова баргузор мешавад. Вай бо бахши озарии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башари байналмиллалӣ борҳо раҳоии вайро тақозо кардаанд.

29 июл Бошгоҳи мабуоти миллии Амрико Исмоиловаро барандаи ҷоизаи худ эълон кард.

XS
SM
MD
LG