Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пугачев: "Путин раисиҷумҳури Русия шуданӣ набуд..."


Владимир Путин ва Сергей Пугачев. Соли 2000
Владимир Путин ва Сергей Пугачев. Соли 2000

​Яке аз дӯстони собиқи Владимир Путин нақл кард, ки ӯ аз аввал нияти ба мақоми баланд расиданро надошта, балки андешаи чӣ гуна аз Русия ба хориҷ рафтанро мепарваридааст.

Сергей Пугачеви 52-сола, маъруф бо лақаби "банкири Кремл", ки яке аз афроди боэътимоди Владимир Путин дар гузашта будааст, мегӯяд, ки раисиҷумҳури кунунии Русия дар аввал барои ба ин мақом расиданаш бовар надошт. Баръакс, ба нақли Пугачев, Путин дар сар "фантазия" (тахайюлот)-и зиёд парварида, нақшаи чӣ гуна аз Русия ба хориҷ рафтанро мекашидааст.

Ин сарватманди рус, ки ҳоло дар Фаронса ба сар мебарад ва тайи моҳҳои охир ба чанде аз расонаҳои дунё дар бораи чӣ тавр ба қудрат расидани Владимир Путин мусоҳиба додааст, мегӯяд, "соли 1999, вақте ҳукумати Борис Елтсин заиф шуд, интихоб сари Путини начандон шинохта сурат гирифт".

"Аммо ӯ намехост, раисиҷумҳур шавад. Мехост, ки аз ҳукумат биравад," -- идома додааст Сергей Пугачев дар сӯҳбаташ бо бахши русии Радиои Озодӣ.

Ӯ тасдиқ кардааст, ки аввалин шуда номзадии Владимир Путин, раҳбари вақти ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русияро ба ҷойи Борис Елтсин пешниҳод намудааст. Пугачев мегӯяд, "Елтсин амалан ҳукуматро аз даст дода буд ва Путин ба ҳайси раҳбари ФСБ метавонист, ки аз табаддулот ҷилавгирӣ кунад."

Сергей Пугачев бо Владимир Путин аз оғози солҳои навадуми қарни гузашта, замоне ки дар ҳукумати Санкт-Петербург зери раҳбарии Анатолий Собчак фаъолият мекард, ошноӣ доштааст. Ӯ мегӯяд, Собчак низ ба раисиҷумҳури Русия шудани Путин бовар надошта ва ҳатто онро як “шӯхӣ” дониста будааст.

"Худи Путин ҳам барои ба зинаҳои боло расидан умед надошт. Он вақт шояд худро президент тасаввур карда наметавонист," – хулоса кардааст Пугачев.

XS
SM
MD
LG