Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

300 ҳазор сомонӣ Ҷоизаи президент ба ғолибони Бозиҳои олимпӣ


Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба ғолибони Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ Ҷоизаи президенти Тоҷикистон супурда мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ кард.

Дар ин бора Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 6 август, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар дод.

Ба иттилои ҷаноби Абдуллозода мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медалҳои нуқра мегиранд, бо 250 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Ба варзишгароне, ки соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ мешаванд, 200 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” 9 январи соли равон бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаҳо ба тасвиб расида буд.

Мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ соли 2012 дар Лондон мукофоти барои ҳар як барандаи медали тилло 300 ҳазор, медали нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шуда буд.

Вале мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон танҳо як медал ба даст оварда буд. Ба Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии олимпӣ, 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулии президенти Тоҷикистон супурда шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG