Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса пули киштиҳоро ба Русия бармегардонад


Киштии ҷангии Мистрал

Киштии ҷангии Мистрал

Жан Ив Ле Дриан вазири дифои Фаронса, гуфт, кишвараш барои лағви қарордоди фурӯши ду киштии ҷангии Мистрал ба Русия тақрибан 1 миллиарду 200 миллион евро мепардозад. Вазири фаронсавӣ рӯзи 6-уми август ба радиои RTL-кишвараш гуфт, рӯзе аз ин пеш Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар бораи ин масъала гуфтӯгу кардаанд ва “сари ин масъала дигар ягон баҳсе намондааст.” Жан Ив Ле Дриан, гуфт, қимати аввалияи киштиҳои чархболбари Мистрал, 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил медод, вале ба сабаби лағви қарордоду ниматамом мондани киштиҳо, Фаронса пули камтаре ба Русия бармегардонад. Ӯ афзуд, кишвараш ба Русия ҷуброне барои иҷро нашудани қарордод намепардозад. Фаронса соли 2011 иҷрои қарордодро ба таъхир андохт, вале соли 2014 бинобар нақши Русия дар муноқишаи Украина онро беэътибор кард. Ле Дриан гуфт, чанд кишвар барои харидани киштиҳои ҷангӣ изҳори омодагӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG