Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ноқаноатмандии вакилони Амрико аз посухҳои Амано


Юкиа Амано

Юкиа Амано

Вакилони амрикоӣ мегӯянд, аз гузориши мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар бораи созиши ҳастаӣ бо Эрон қаноатманд нашудаанд. Боб Коркер, раиси Кумитаи равобити хориҷии сенати Иёлоти Муттаҳида, рӯзи 5-уми август, “дар зеҳни аксари аъзои кумита баъд аз мулоқот, суолҳои бештаре дар бораи созиши атомӣ пайдо шуд.” Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи созиши атомии қудратҳои ҷавонӣ бо Эрон як соат бо вакилони амрикоӣ гуфтӯгу кард. Боб Коркер гуфт, ки аз посухҳо дар бораи созиш қонеъ нашудааст. Юкиа Амано умедвор буд, ки нигарониҳои вакилони амрикоӣ дар бораи тавофуқи атомиро фӯру менишонад. Баъзе аз вакилон аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико мегӯянд, ду тавофуқномае, ки бар изофаи созиши атомӣ бо Эрон имзо шудааст, шубҳабарангез аст ва фаротар аз созише меравад, ки маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомии Эронро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG