Пайвандҳои дастрасӣ

11 ва 9 соли зиндон барои Лайло ва Юнус


Лайло Юнус

Лайло Юнус

Додситони Озарбойҷон аз додгоҳи шаҳри Боку хост, Лайло Юнус, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқро ба 11 соли зиндон маҳкум кунад. Дар ин муҳокима, ки рӯзи 6-уми август сурат гирифт, додситон ҳамчунин аз додгоҳ тақозо кард, ки шавҳари Лайло, Ориф Юнусро ба 9 соли зиндон маҳкум намояд. Ин ҷуфт, ки ҳарду аз ҳомиёни фаъоли ҳуқуқи башар ба ҳисоб мераванд, ба тақаллубкорӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт, тиҷорати ғайриқонунӣ ва сохтакории санадҳо муттаҳам мешаванд. Муҳокимаи Лайло ва Ориф Юнусро, ки аз рӯзи 27-уми июл идома дошт, ба рӯзи 10-уми август ба таъхир андохтанд. Ҳардуро соли 2014 боздошт карданд ва дар муддати як соли боздошт, вазъи сиҳатии Лайло ва Ориф Юнус бад шудааст ва онҳо мегуянд, ки то кунун ба хадамоти дурусти тиббӣ дастрасӣ надоштанд. Лайло Юнус, муассиси Пажӯҳишгоҳи Сулҳ ва Демократияи Озарбойҷон солҳои тулонӣ барои наздик кардани мардуми кишвараш ва Арманистон, ки барои вилояти Кӯҳистони Қаробоғ даъво доранд, кор кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, парванда бар зидди Лайло ва Ориф Юнус ангезаҳои сиёсӣ доранд ва иттиҳомот ҳам беасосанд.

XS
SM
MD
LG