Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо ироқӣ аз хадамоти тиббӣ маҳрум шудаанд


Ҳарорат дар баъзе аз гӯшаҳои Ироқ аз 50 дараҷа ҳам гузаштааст.
Ҳарорат дар баъзе аз гӯшаҳои Ироқ аз 50 дараҷа ҳам гузаштааст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ба сабаби камбуди буҷа барои иҷрои барномаҳои тандурустӣ, мумкин аст, миллионҳо нафар аз мардуми Ироқ аз хадамоти беҳдоштӣ маҳрум шаванд. Ин созмон бо нашри гузорише дар рӯзи 4-уми август гуфт, 84 дар сади барномаҳои тиббие, ки бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мешуданд, ба сабаби нарасидани пул, мутаввақиф шудаанд ва акнун 3 миллион нафар ба хадамоти зарурии тиббӣ дастрасӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳарорат дар Ироқ аз 50 дараҷа ҳам гузаштааст ва тақрибан 1 миллион нафар кудак дар урдӯгоҳҳои паноҳандагон зиндагӣ мекунанд. Сесил Лагуардиа аз созмони хайрияи Ворлд Вижн гуфтааст, ки ҳарорати тоқатфарсо сабаби шикамрав ва дигар бемориҳо дар байни мардум шудааст. Созмони Милал барои идомаи барномаҳои беҳдоштӣ дар Ироқ аз ҷомеаи байналмилал тақрибан 70 миллион доллар кӯмак хостааст, вале фақат 8 дар сади ин маблағро ба даст овардаасту тамом.

XS
SM
MD
LG